Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Суҳбати Ҷабборов бо сокинони деҳаи наздимарзии Мақсад: президент чӣ гуфт?

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевПрезидент Садыр Жапаров в рамках рабочей поездки в Баткенскую область посетил село Максат Лейлекского района
Президент Садыр Жапаров в рамках рабочей поездки в Баткенскую область посетил село Максат Лейлекского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Содир Ҷабборов таъкид кардааст, ки ба минтақаи Ботканд аз ҷониби ҳукумат доим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешуд ва минбаъд низ чунин мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак, ки дар ҷараёни таниши марзии Қирғизистону Тоҷикистон зарар дидааст, дидан кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар ин сафар кишвардор ба сокинони маҳаллӣ вохӯрда, ба онҳо дар бораи корҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ муфассал нақл кардааст.
Ӯ гуфтааст, ҳалли ин масъала мустақиман ба рушди мӯътадили иҷтимоию иқтисодии минтақа рабт дорад.
"Ҷабборов таъкид кард, ки ба вилояти Бодканд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешуд ва минбаъд низ чунин мешавад. Президент итминон дод, ки ягон сокини маҳаллӣ бе кумак ва дастгирии зарурӣ намемонад. Ҷабборов инчунин таваҷҷӯҳро ба тақсимоти мақсадноки кӯмакҳои башардӯстона ҷалб кард", - омадааст дар хабарнома.
Зикр гардид, ки зимни суҳбат сокинони маҳаллӣ мавзӯи дастгирии қурбониёни танишро бардошта ва инчунин саволҳои шахсӣ додаанд.
Дар охири ҷаласа, Ҷабборов ба масъулин барои барқарорсозӣ ва сохтмони саривақтии иншоот як қатор дастурҳо додааст.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сафари дурӯзаи Ҷабборов ба деҳоти наздимарзӣ: мехоҳад раванди аломатгузориро тезонад
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 27 май президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба деҳаҳои наздимарзӣ рафт. Котиботи кишвардор гуфт, мақсад аз ин сафар тезонидани раванди аломатгузорӣ дар марз мебошад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кард, ки рафту омад ба Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳою консулгариҳои ду кишвар, хонаводаи онҳо, кормандони созмонҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбею Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ иҷозат асту халос.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шарҳи Қирғизистон дар бораи "роҳ" надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкек
Марзбандиҳо дар ҳолеянд, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0