"Ака, гӯё ин сурудро барои ман навиштанд": Назаров дар бораи як таронааш бо Баҳром Ғафурӣ

Баҳром Ғафурӣ, ҳунарманди тоҷик дар пайи як садамаи маргбор тобистони соли 2020 ба ҳалокат расид
Парвиз Назаров, ҳунарманди машҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон дар як гузориши видиое аз торихи як таронааш бо ҳунарманди марҳум Баҳром Ғафурӣ қисса кардааст.
Ёдрас мешавем, таронаи "Лове лов"-ро Парвиз Назаров ва Баҳром Ғафурӣ дар консерти бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон соли 2018 ҳамсароӣ карда буданд.

"Дар ин тарона ӯ бо ансамбл хело хуб ҷӯр шуда буд. Ӯ (Баҳром Ғафурӣ - идора) ба ман гуфта буд, ки "ака ин таронаро гӯё махсус барои ман навиштаанд". Ман хело шод будам, ки байни мо ҳамдигарфаҳмӣ буд ва тарона хело бояду шояд садо дод" , - гуфтааст Назаров аз хотираҳояш дар бораи ҳамсароӣ бо Ғафурӣ.

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.
Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.
Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.
Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт.
Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.
Вокуниши хонаводаи Баҳром Ғафурӣ ба қатъи парвандаи Ислом Анварзода
Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала