Ҳамдардӣ ва ситоиш: Блинкен бо Муҳриддин вазъ дар марзи Қирғизистонро баррасӣ кард

© REUTERS / Alex Edelman/Pool Госсекретарь США Энтони Блинкен
Госсекретарь США Энтони Блинкен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба хонаводаҳои қурбониёни таниши марзӣ ҳамдардӣ кард ва ба Тоҷикистон барои паст кардани шиддати ҷанг ва ноил шудан ба ҳалли сулҳомези муноқиша баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин телефонӣ суҳбат кард, гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вазъи марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва талошҳо барои ҳалли мусолиматомези масоили Афғонистонро баррасӣ карданд.

"Котиби давлатӣ (Блинкен) ба вазир барои нақши пешбарандаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ, дастгирии музокироти сулҳ дар Афғонистон, инчунин шарикии давомдор дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла дар доираи "C5 + 1" (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА - таҳрир) сипос гуфт", - гуфт Прайс.

Қайд карда мешавад, ки Блинкен бо изҳори тасаллият дар робита ба ҳалокати одамон дар ҷараёни даргириҳои ахир дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, талошҳо барои паст кардани шиддати ҷанг, аломатгузории марз ва ноил шудан ба ҳалли сулҳомези муноқишаро баҳои баланд дод .
"Сиёсатмадорони аршад қудрати равобити дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро тасдиқ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки ҳар сол консултатсияҳои дуҷонибаро баргузор кунанд", - гуфт Прайс.

Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳибмулки он расман муайян нашудааст.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулода баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳадро ба имзо расониданд.
То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Экс-председатель Исфары Мирзошариф Исломиддинов о Ворухе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Собиқ шаҳрдори Исфара: Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша мубаддал мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала