Раҳмонии Фазлӣ: иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Вазири кишвари Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кард, иродаи ду миллат ва ду кишвар бар густариши ҳамкорӣ аст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон дар ҳошияи нишасти муштарак бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, талоши ҳар ду кишвар бар ин аст, ки зарфиятҳои ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ дар сутӯҳи мухталиф тақвият шавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Вазири кишвари Эрон, ҳамчунин бо ишора ба зарфияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар гуфт, тафоҳумномаи амниятии хубе миёни ду кишвар имзо шуда ва дар ин росто барои ҳамкорӣ дар бахши полиси Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҷурмҳои созмонёфта, омӯзиш, табодули устод ва донишҷӯи кор хоҳем кард.
Раҳмонии Фазлӣ ҳамчунин гуфт, забони форсӣ забони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва ин се кишвар метавонанд як мусаллас (сегона)-и ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа эҷод кунанд.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Раҳимзода бо мақомдорони Эрон амният, мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ мекунад
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, санадҳои ҳамкории хеле хубе миёни ду кишвар ба имзо расидааст ва бояд аз ин зарфият барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ба дунболи баррасии тамоми роҳҳо ва гузинаҳои мавҷуд дар густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҳастем ва умед дорем, ки бо меҳвар қарор додани фарҳанги муштараки ду кишвар ба хусуси забон форсӣ, дӯстии ду кишвар тақвият ва таҳким шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран барои дидору машварат бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала