Қуръакашии Лигаи футзали Тоҷикистон: рақибон ва санаи бозӣ муайян шуд

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми қуръакашии Лигаи касбии футзали ҷумҳурӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни қуръакашии лигаи футзал - 2021 рақибон ва санаи бозии 6 дастаи иштирокдор муайян гардид.
Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, дар феҳрасти иштирокдорони мавсими нави касбии Лига, аз ҷумла “Сипар” аз Хуҷанд, “Соро компания”, “Истиқлол”, “Пойтахт” ва “Амонатбонк” ҳама аз Душанбе ва “Самандар” аз Турсунзода зикр шудаанд.
Таъкид шудааст, ки тибқи қуръакашии ҷадвали бозиҳо дар даври аввал 19 июн “Истиқлол” бо “Самандар”, “Соро компания” бо “Амонатбонк” ва “Пойтахт” бо “Сипар” вомехӯранд.
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Варзишгарони Ӯзбекистон дар Душанбе ғолиби мутлақ шуданд
Тибқи низомнома, дар марҳилаи аввали чемпионат бозиҳо мувофиқи системаи даврӣ дар ду давр – “хона ва сафар” доир мегардад. Бо натиҷагирӣ аз марҳилаи аввал, ду дастаи беҳтарин ба нимфинал роҳхат мегиранд, тавзеҳ дод Кумита.
Ин ниҳод афзуд, аз ҳисоби дастаҳои дигар дар даври плей-офф ду иштирокчии дигари нимфинал муайян карда мешавад. Вохӯриҳои ин давр аз силсилабозиҳо то 2 ғалаба иборат аст. Сипас бозиҳои нимфинал низ тибқи формати то 2 ғалаба сурат мегиранд.
Таъкид шудааст, ки ғолибони нимфинал барои унвони чемпионӣ, мағлубон барои медалҳои биринҷӣ талош мекунанд. Бозӣ барои ҷои сеюм аз як вохурӣ, финал бошад, аз силсилабозиҳо то 3 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат мебошад, шарҳ дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала