Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоиӣ каме поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.8047 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, давоми чанд рӯзи ахир майли коҳишёбӣ дорад.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода, 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1539 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар дод
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8047 то 14.0500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1539 то 0.1575 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала