Чор бурҷи осмонӣ, ки намояндагонашон танбалтаринанд: кадом

© xiangying_xu/pixabayДевушка в белом спит
Девушка в белом спит - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Коршиносон гуфтанд, намояндагони кадом бурҷ танбал ҳастанд ва кор карданро дӯст намедоранд
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Танбалтарин ашхос намояндагони барҷи Далв, Савр, Асад ва Қавс мебошанд, гуфт ситорашинос Самарпита Яшасвини.
Пешгӯии ситорашинос дар торномаи Pinkvilla нашр шудааст.

Далв

Намояндагони ин бурҷ орзуҳо доранд, аммо онҳо аксар вақт амалӣ намешаванд. Инчунин нақшаи амалиёт низ доранд, аммо Далв риояи кардани онро дӯст намедорад. Онҳо одамони зирак ва бозеҳн ҳастанд, аммо аслан боҳадаф нестанд.

Савр

Онҳо барои кори ҳаррӯзаи якранг дар идора офарида нашудаанд. Саврҳо ба писарони эрка монанданд: онҳо мехоҳанд дар айшу ишрат зиндагӣ кунанд ва ҳамзамон ҳеҷ коре анҷом надиҳанд.
Кровавая луна в Лос-Анджелесе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Моҳи хунин: қарз надеҳ ва оиладор нашав - 26 май чӣ бояд карду чӣ не


Асад

Онҳо одамони боистеъдод, фаъол ва дилрабо, вале хеле танбаланд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар маркази диққат бошанд ва аз ҷониби дигарон эътироф карда шаванд. Бисёр кор кардан ва ё берун аз имконот баромадан дар Асадҳо нест. Танбалӣ ҳамаи сифатҳои мусбати онҳоро сояафкан мекунад.

Қавс

Онҳо озодиро қадр мекунанд ва саёҳатро дӯст медоранд. Барои ин, Қавс аксар вақт кор мекунад, ки барои сафар пул дошта бошад. Онҳо кӯшиш намекунанд, масалан, аз ҳамкасбони худ беҳтар шаванд ва ё корманди сол шаванд. Қавсҳо майли кор кардан надоранд - онҳо ин корро барои он анҷом медиҳанд, ки маҷбуранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала