Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Путин гуфт, кай сафар ба Русия ва ба кишварҳои хориҷ озодтар мешавад

Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, кай равуо ба Русия ва аз Русия ба дигар кишварҳои хориҷ осонтар мешавад
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Ба гуфти Владимир Путин шаҳрвандони Русия зимни эм шудани 60 дарсади аҳолии кишвар метавонанд бемамоният ба дигар кишварҳо сафар кунанд.
Ба андешаи кишвардор ин рухдод ба моҳи сентябри соли ҷорӣ рост хоҳад омад.
“Зиёд мешавад”: ду парвози мунтазами дигар ба Маскав
Ин нуктаро Владимир Путин зимни суҳбат бо сармуҳаррирони оҷонсиҳои байналмилалӣ дар доираи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Петербург зикр кард.
"Пас аз он, дар бораи дастрасии васеътар ба қаламрави мо сӯҳбат кардан имконпазир хоҳад шуд ва шаҳрвандони мо низ метавонанд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ озодтар сафар кунанд", - гуфт Путин.
Ҳамзамон, президенти Русия қайд кард, хуб мешуд агар танзимгарони аврупоӣ эътироф мекарданд, ки онҳое, ки бо ваксинаҳои Русия эм карда мешаванд, аз ваксинаҳои аврупоӣ фарқе надоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала