Вазири фарҳанг гуфт, чӣ намерасад: кадр, либос, асбоб, миз, курсӣ, бино, гармӣ, парда

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМинистр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Зулфия Давлат, вазири фарҳанги Тоҷикистон, камбудиҳои асосии соҳаро, ки монеи фаъолияти густурда шудаанд, ном бурд
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон суҳбати вазир, Зулфия Давлатро нашр кардааст, ки мушкили асосии соҳаро нарасидани кадрҳо хондааст.
Зулфия Давлат зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” изҳор доштааст, ки аз нигоҳи ман мушкилоти имрӯзаи соҳаи фарҳанг ин норасоии мутахассисони соҳавист.
“Ҳоло вазорат пайи ислоҳи ин камбудӣ саъй дошта, сол то сол пойгоҳи кадрии соҳа мустаҳкам ва мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар омода мегарданд”, - тавзеҳ дод вазир.
Рафоат Шоазимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Ӯ афзудаст, ки муассисаҳои фарҳангӣ, яъне клубу китобхонаҳо дар тавозуни мақомати иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд. Вазорати фарҳанг чун мақоми ваколатдори соҳа фаъолияти онҳоро дар доираи салоҳиятҳои худ назорат менамояд, афзуд Зулфия Давлат.

“Имрӯз дар миқёси мамлакат 785 муассисаҳои фарҳангӣ, яъне кохҳои фарҳанг дар маҳалҳо, бо шумори 3121 корманд фаъолият менамояд. Қисме аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”, - хабар дод вазир.

Ба гуфтаи Зулфия Давлат, барои ислоҳи вазъ чораҳо андешида мешавад. Ӯ навсозии биноҳои қасри фарҳанги деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳаҳои Калининобод ва Хиштхонаи ноҳияи Деваштичро зикр намуд, ки бо талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкори маҳаллӣ таъмир шудаанд.
Дар феҳрасти камбудиҳои дигари ҷиддӣ, ки ба гуфтаи вазир ба фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ монеа эҷод мекунанд, ин дар сатҳи зарурӣ нарасидани асбобҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, мизу курсӣ, пардаю пешпардаҳои саҳнавӣ, ороишӣ, маҷмӯи асбобу анҷоми театрӣ, воситаҳои ҳамлу нақл, таҷҳизоти гармидиҳию зиддисӯхтор, камераҳои назоратӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала