Барои ҳифзи табиат: марафони велосипедронӣ дар Душанбе - видео

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҳти шиори "Дучарха барои табиат" марафон баргузор гардид
Чорабинии варзиширо мақомоти Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ташкил карданд.
Марафони мазкур соати ҳашти субҳ аз МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус ҳаракат намуда, баргашта ба "Наврӯзгоҳ" ба марра мерасад. Озмун якчанд номинатсияро дар бар мегирифт.
Дар ин мусобиқи ҳама, аз ҷумла велосипедрони касбӣ, ҳаваскорон, паралимпиадачиён ва наврасон ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин мусобиқа мебоист аҳамияти истифодаи ин намуди нақлиёти экологиро нишон медод.
Ғолибон маълум шуданд: дар Душанбе марафони дучархаронӣ ба анҷом расид
Дар марафони дучархаронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шуда буд.
Барои ҷои аввал ғолибон 1,5 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Онҳое, ки дуввумин шуда ба марра расиданд бо мукофоти пулӣ ба маблағи 700 сомонӣ сарфароз гаштанд. Ғолибони ҷои сеюм бо 300 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аз сӯи СММ соли 1972 эълон шудааст ва муҳимтарин рӯзи экологии сол ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала