Рекорди нав: зани 37 - сола якбора 10 фарзанди солим таваллуд кард -акс

© AP / Fernando AntonioНоворожденный, архивное фото
Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Зани африқоӣ дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ якбора 10 фарзанди солим, 7 писару 3 духтар ба дунё овард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Сокини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Госиаме Ситхоул рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ин зан якбора 10 фарзанд таваллуд кард, хабар медиҳад нашрияи IOL.
Ба иттилои манбаъ, модари 37 - сола, ки сокини музофоти Гаутенг мебошад, ҳафт писару се духтарро дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ ба дунё овард. Пизишкон қаблан танҳо 7 кӯдакро дар батни ӯ муайян карда буданд.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Мӯъҷиза: зани 25 - сола якбора 9 кӯдак таваллуд кард
Манбаъ меафзояд, табибон барои наҷот додани кӯдакон, модари онҳоро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло навзодон то як муддат дар бемористон нигоҳубин мешаванд, чун раванди ҳомиладорӣ ниҳоят вазнин гузаштааст.
Ҳоло ин хонавода соҳиби 12 фарзанд шуданд, чун ду дугоники дигар шаш сол пеш ба дуё омаданд.
Ҳанӯз моҳи пеш сокини Малӣ рекорд гузошта буд. Ӯ якбора 9 фарзанди солимро таваллуд кард.
Тақдими калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ ба волидайни панҷгоникҳо
Дар Тоҷикистон низ 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала