Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Аз гулчамбаргузорӣ то сайругашт: гашту гузори Раҳмон ва Мирзиёев дар Варзоб –акс

Имрӯз Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт ва сипас ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ рафт
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон ба майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе омад ва бар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим Президенти Ӯзбекистонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки имрӯз пас аз гуфтугӯҳои расмӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб рафтанд.
© Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
1/4
© Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
2/4
© Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
3/4
© Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
4/4
“Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони ду кишвар табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ — муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ
Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ мекунад.
Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала