Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Раҳмон ба Мирзиёев Ордени “Зарринтоҷ” дод

© Пресс-служба президента Таджикистана Президент Таджикистана Эмомали Рахмон наградил главу Узбекистана Шавката Мирзиёева почетным орденом
 Президент Таджикистана Эмомали Рахмон наградил главу Узбекистана Шавката Мирзиёева почетным орденом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Дар Душанбе маросими супоридани мукофоти давлатии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев, роҳбари Ӯзбекистон “Барои хизматҳои шоён барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Ёдрас мешавем, ки сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз дӯстии абадӣ ва осонсозии ҳаракат то аломатгузории марз: 26 созиши Раҳмону Мирзиёев
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала