Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 санади ҳамкорӣ имзо карданд

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Имрӯз пас аз музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон миёни ду кишвар 9 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки руасои ҷумҳури ду кишвар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

“Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, роҳбари Ӯзбекистон зери изҳороти муштараки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон имзо гузоштанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва “Complex Mining Solution”-и Ӯзбекистон;
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;
Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ӯзбекистон;
Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид доштааст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду кишвар барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала