Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона ба кишварҳои нодор 1 миллиард воя воксина медиҳанд

© Sputnik / Джастин Гриффитс-Уилльямс / Гузаштан ба хазинаи аксВыступление Б. Джонсона по итогам выборов в Великобритании
Выступление Б. Джонсона по итогам выборов в Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Дар ҷаласаи серӯзаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона - G7, ки 11-уми июн шурӯъ мешавад, ба кишварҳои нодор тақдим кардани 1 миллиард дона ё воя воксинаи зидди COVID-19 баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн Sputnik. Дар ин бора нахуствазири Бритониё, Борис Ҷонсон изҳорот дод, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора нагуфт.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намоянд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба таъмини кишварҳои нодор бо воксинаро, нишон диҳанд.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор дар таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико гуфта буд, ки кишвараш то соли оянда 500 миллион дона воксинаи ширкати Pfizer-ро ба барномаи COVAX хайр мекунад.
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
СММ аз кишварҳои доро даъват кард ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд
Тоҷикистон ҳам дар миёни 92 кишвари нодору миёнаҳол узви ин барномаи СММ мебошад.
Дар ҷаласаи Гуруҳи ҳафтгона кишварҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Итолиё, Канада ва ИМА иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала