Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия боз 100 ҳазор воя ваксини "Спутник V" - ро ба Эрон фиристод

© Авиакомпания Aerolíneas Argentinas / Гузариш ба медиабонкПрибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину
Прибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Эрон ҳамакнун нӯҳуми маҳмулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V" - ро дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Моҳон рӯзи панҷшанбе нуҳумин маҳлулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V " - ро вориди Эрон намуд, хабар медиҳад Парс тудей.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои мазкур бо сад ҳазор воя ваксин дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ фуруд омад.
Гуфта мешавад, то ҳол дар тайи 9 марҳила ҳудуди 920 ҳазор воя ваксини "Спутник V " аз Русия ба Эрон ирсол шудааст.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ӯзбекистон қисми саввуми "Спутник V" - ро дастрас кард: ба Тоҷикистон кай мерасад
Бояд гуфт, ки Эрон ва Русия дар мавриди дастрас кардани ваксини мазкур қарордоде имзо намудаанд ва мебояд 60 миллион воя дору ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас карда шавад.
Бо ваксине, ки Русия ба Эрон ирсол мекунад, ҳудуди 30 миллион нафар эм мешаванд.
Манбаъ меафзояд, Эрон дар садади истеҳсол кардани ин ваксин қарор дорад ва ҳоло ду ширкати эронӣ ҳуҷайраҳои тавлиди ваксинаро бо муваффақият кишт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст ва аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус мебошад.
Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0