Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои арзон шудани чиптаро шарҳ доданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксСамолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик аз мушкили дастрасӣ ба чиптаҳои арзон мегӯянд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои поён бурдани харҷи сафар ба Русияро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби гарон будани билетро шарҳ дода, гуфтанд, ки роҳи поён бурдани нарх вуҷуд дорад.
Як масъули ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар поён хоҳад шуд.

“Ҳоло ҳавопаймоҳо аз ҷумла ҳавопаймои “Сибир” аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон холӣ омада, аз ин ҷо ба Русия мусофир мерасонанд. Ин муқаррарот зимнан танҳо дар Тоҷикистон буда, дар дигар ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Ӯзбекистон чунин нест. Аз сабаби он, ки кашонидани мусофирон яксамта аст, хароҷот зиёд ва нархи билет баланд аст”, - гуфт намояндаи ширкати “Сибир”.

Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст.
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Афзоиши парвозҳои мустақими Русия ва Тоҷикистон: рӯз ва соат
Бино ба гуфтаи онҳо, ин ҳол аз кашонидани дутарафаи мусофирони ҳавопаймо аст, ки масъулин кишвари Ӯзбекистон роҳандозӣ намудаанд. Арзон будани қимати билет дар масири Русия – Ӯзбекистон, назар ба Русия – Тоҷикистонро муҳоҷирони тоҷик ҳам таъйид мекунанд.
Файзиддин як мусофири тоҷик, ки ду рӯз қабл, санаи 9 июн тавассути Тошканд аз шаҳри Новосибирск ба кишвар баргаштааст, вақте фаҳмид, ки нархи сафар аз Душанбе дида, тавассути Тошканд ба маротиб арзон аст, ба ҳамин масир билети сафар харид.
“Нархи парвоз миёни Новсибирск – Тошканд 7 ҳазор рубли русӣ, аммо билети Новосибирск – Душанбе 37 ҳазор рубли русӣ, яъне 4 маротиба зиёд аст”, - гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Ин ҳамсуҳбати мо ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин сафар даҳҳо муҳоҷирони ҳамватанро дидааст, ки барои омадан ба кишвар тавассути Тошканд билети ҳавопаймо харидаанд.
Ахиран роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки масъулияти расонидани муҳоҷирони тоҷик ба Русияро бар зимма гирифтаанд, хостори то 500 доллар поён бурдани қиммати билет шуд. Аммо тавре муҳоҷирон мегуянд, бо ин нарх бо мушкилӣ билети сафар дастрас мекунанд.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Боздошти корманди фурудгоҳи Душанбе барои баланд бардоштани нархи чипта
Дар гузашта қиммати билети сафар аз Тоҷикистон ба Русия то 14 ҳазор сомонӣ дакка зада буд. Бархе дигар аз ширкатҳои ҳавопаймо ба баландшавии хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон ишора карда, мегӯянд, ки ин ҳам ба болоравии қимати билети ҳавопаймо бетаъсир намондааст.
Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои ҳавонавардии “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд. Ва танҳо ширкати “Сомон Эйр” ва "Ютейр" мусофиронро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонанд. Мусофирон нархи сафар аз шаҳрҳои Русия ба Душанберо дар муқоиса бо Тошканд ва Бишкек ба маротиб гарон арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала