Бритониёҳо Байденро барои радди нишасти матбуотӣ бо Путин масхара карданд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг президента США Дж. Байдена
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Ҷо Байден аз нишасти матбуотии муштарак бо Владимир Путин даст кашид. Зимнан, шаҳрвандони Бритониё ин амали раисиҷумҳури Амрикоро мавриди масхара қарор доданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Хонандагони Daily Mail президенти ИМА Ҷо Байденро барои сарпечӣ аз баргузории нишасти хабарии муштарак бо раҳбари Русия Владимир Путин пас аз нишасти Женева танқид карданд.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Швейтсария ба хотири Байден ва Путин алоқаи ҳавоиро баст
Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки пас аз гуфтушунид сарони давлатҳо ба таври ҷудогона нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Байден дар робита ба баргузории нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки нишасти матбуотӣ рақобате нест, ки дар назди камера кӣ беҳтар зоҳир шавад ва кӣ шарманда мешавад. Аммо корбарон баргузор нашудани нишасти муштаракро ба заифии Байден рабт медиҳад.
"Байден аз ҳад зиёд метарсад ва ба Путин лозим ҳам намеояд, ки ӯро шарманда кунад, зеро вай ҳар боре, ки даҳон мекушояд, худро шарманда мекунад", - навиштааст Fran12.
EJMcG тахмин намудааст, ки чун бонуи аввали Амрико он ҷо ҳузур пайдо намекунад ва президентро ба посух гуфтан водор намекунад, аз ин рӯ ӯ ин пешниҳодро қабул накард.
"Байден ба он хотир нишасти матбуотии муштарак намехоҳад, ки он ҷо доираи зиёди хабарнигорони Амрико ва Русия гирд меоянд, ки он қадар Байден "дӯстдор" нестанд. Ба Байден идора кардани онҳо мушкил мешавад ва ӯ ҳатман шарманда хоҳад шуд", - навиштааст Saimon.
Корбари дигар бо номи SigXнавиштааст, ки "бояд кӯр буд, то як чизро мушоҳида накард: Путин ӯро пора-пора мекунад. Ҷаҳон инро дарк кард".
"Маълум аст, ки Байден аз Путин метарсад", - навиштааст Шон Ҳаннитӣ.
Ёдовар мешавем, ки кишвардорони Амрико ва Русия Ҷо Байден ва Владимир Путин рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева дидору мулоқот баргузор мекунанд.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден сурат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала