Ишқи "Гулӣ" ва тарс аз падар: ҷузъиёти марги ронандаи таксӣ барои 60 сомонӣ ва эълони ҷазо

© МВД по городу ДушанбеПодозреваемый в убийстве таксиста
Подозреваемый в убийстве таксиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Додгоҳи Душанбе тафсилоти қатли ронандаи таксиро аз сӯи ҷавони 20 – сола нашр кард, ки пулҳои ёфтаашро харҷи ишқварзӣ бо зани аз худ 17 сол калонтар мекардааст
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Додгоҳи Душанбе хабар дод, ки Саймумин Муҳиддинов, сокини 20 – солаи деҳаи Вахши ноҳияи Ҷайҳун барои роҳзанӣ ва қатли Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 30-солаи таксӣ дар пойтахт ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба иттилои додгоҳ, ин қазия аз он оғоз шудааст, ки Саймумин Муҳиддинов моҳи августи соли 2020 дар яке аз тарабхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон бо зани 37-сола шинос шуда, ҳафтае як ду маротиба ба наздаш ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рафта, ишқварзӣ мекардааст.
Муҳиддинов бо ин мақсад аз мағозаи падараш воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун, ки он ҷо ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, мунтазам 400 – 500 сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро бо маъшуқааш, ки ӯро бо номи “Гулӣ” мешинохтанд, харҷ менамудааст. Дар маҷмуъ, ӯ дар давоми 2-3 моҳ аз мағозаи падараш тахминан 20 ҳазор сомонӣ пинҳонӣ гирифтааст, ки падараш воқиф гаштааст, хабар дод додгоҳи Душанбе.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд
Манбаъ афзуд, ки Муҳиддинов аз тарси падараш, санаи 12 –уми феврал аз мағоза боз 600 сомонии дигар гирифта, ба шаҳри Душанбе меояд ва шабро дар хонаи ҳамдеҳааш Кирғизбеков Хуршедҷон рӯз кардааст. Баъди огоҳӣ, ки падар ӯро мекобад, Муҳиддинов хонаи ҳамдеҳаашро тарк карда, аз 13 то 15-уми феврал пули доштаашро харҷ мекунад.
Додгоҳ мегӯяд, ин ҷавон, ки роҳи дигари таъминот надоштааст, қасди роҳзанӣ карда, шоми 15-уми феврали соли равон дар хиёбони Абӯалӣ Сино мусофирбари “Як таксӣ - 1111”, таҳти идораи Эраҷи Эмомалии 30-соларо манъ кардааст.
Дар нишастгоҳи ақиби автомашина нишаста, фармоиш медиҳад, ки ба самти кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе ҳаракат кунад ва ҳангоми расидан ба кӯчаи Деҳотӣ дар ҷойи камодам кордро ба гулӯи ронанда, монда пулҳояшро талаб кардааст.
“Аммо, ронанда Эраҷи Эмомалӣ муқобилияти сахт нишон дода, бо мақсади муҳофизат кардани худ бо дасташ нӯги кордро медорад ва барои аз ҷинояткор халос шудан автомашинаро бо суръати баланд ба ҳаракат медарорад. Вале бинобар зери истифодаи зӯроварӣ қарор доштанаш, автомашина дар масофаи кутоҳ ба монеа бархӯрд”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Дар парванда зикр шудааст, ки Муҳиддинов сипас боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда зарба зада, аз кисаҳо ва автомашинаи ӯ ҷамъ 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии қазия, Муҳидинов Саймуминро ба мӯҳлати 28 сол равонаи зиндон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала