Борон наборид, об нарасид: нархи коҳу беда гарон шуд

© Sputnik Мошин бо коҳу беда дар Суғд
Мошин бо коҳу беда дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Кишоварзони Суғд мегуянд, баҳори имсол хушк омад, обрасонӣ ба киштзорҳо ҳам мушкилтар шуд. Дар пайи ин вазъ даҳҳо гектар замини ғалла дуруст насабзиду хушкид
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Ин ҳолат ба гароншавии нархи коҳу беда – умдатарин хӯроки зимистонии чорво дар шаҳру навоҳии Суғд бетаъсир намондааст. Ҳоло арзиши як ғелак (преси) коҳ дар бозорҳои фурӯши хӯроки чорво 18 сомонӣ ва ғелак беда (юнучқа) то ба 25 сомонӣ дакка задааст. Чизе, ки соли гузашта ҳамагӣ 14 ва 18 сомонӣ рақам зада мешуд.
Зимнан дар чанд маҳаллаи атрофи Хуҷанд, аз ҷумла гардиши Ором ва ҳудуди ҷамоати Ёва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бозорҳои фурӯши хӯроки чорво амал мекунанд.
Фурӯшандаҳо гарон шудани нархи коҳу бедаро аз камбуди он дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шарҳ медиҳанд.
Бехӣ дар бозори Панҷшанбе - и Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
Умар Ҳотамов як сокини ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аксар сокинони ин ҷамоат аз ҳисоби деҳқонӣ рӯзӣ меёбанд, вале баҳори имсол хушк омад ва даҳҳо гектар зироати ғалла нобуд шуд.
“Борон наборид, масъулин обро саривақт расонида натавонистанд, ғалла як ваҷаб қад кашиду ба ҳамин хушк шуд”, - изҳор намуд Ҳотамов.
Як кишоварзи дигари ин ноҳия гуфт, дар пайи гармшавии ҳарорат ва мушкили обрасонӣ замини зироат аз ҷумла бедазорҳо ҳам ба мисли солҳои қаблӣ дуруст нашъу намо накард.

“Солҳои пеш то ин вақт алакай ду се бор дарав мекардем. Аммо имсол обро дуруст расонида натавонистанд ва суръати сабзиш суст шуду ҳосил ҳам кам. Талабот ба харид зиёд, вале худи ҳосил кам ин боиси болоравии нарх шудааст”, - гуфт ӯ.

Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мушкили обрасонӣ дар ноҳияи Зафарободро шарҳ дод.
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Қарори Ҳукумат: воридоти кадом ғизоҳо, кай ва чаро гарон мешавад?
Ӯ гуфт, аз як тараф камшавии ҳаҷми обҳои ҷорӣ ва аз сӯи дигар мушкили муҳаррикҳои фарсудашуда аст, ки кори обрасонӣ душвор шуд.
“Тибқи арзёбии мутахассисони соҳаи иқлимшиносӣ имсол хушксолӣ омад. Дар масъалаи обрасонии Зафаробод инро бояд қайд кунем, ки насосҳои обкаш кӯҳна шудаанд. Онҳо аз солҳои 60 - ум ба ин тараф кор мекунанд ва муҳлати истифодаашон гузаштааст, зуд – зуд аз кор меистанд. То онҳоро таъмир мекунем, ки се чор рӯз мегузарад. Барои саривақт расонидани об ба ҷамоатҳои ин ноҳия бояд насосҳо шабурӯз кор кунанд, аммо ҳоло ин хел иқтидор надоранд”, - зикр кард Абдуллозода.
Коршиносон мегуянд, солҳои охир паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалиро дар кори кишоварзӣ баръало эҳсос мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала