Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Боз 440 мусофир дар Фурудгоҳи Хуҷанд дармонданд: ҳавопаймо вайрон шуд

Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Ҳудуди 440 мусофир дар Фурудгоҳи Хуҷанд дармондаанд. Парвози гурӯҳе аз онҳо бояд шабона сурат мегирифт, вале ҳавопаймо мувофиқи нақшаи парвоз ба Фурудгоҳи Хуҷанд нарасидааст
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Дар Фурудгоҳи Хуҷанд ба таъхир мондани сафари мусофирон тавассути ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” - ро таъйид карданд.
Юсуфҷон Маюсуфов масъули матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор буд, ду ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалии” соатҳои 01:00 и шаб ва 10: 40 имрӯз ба самти Хуҷанд – Челябинск ва Хуҷанд – Барнаул парвоз кунанд, вале дар вақти муқараргардида парвоз сурат нагирифт.
“Намояндаи ширкат ба мо гуфтанд, ки як ҳавопаймо бо сабаби пайдо шудани нуқси техникӣ ва андаке банд будан, дар вақташ ба Фурудгоҳи Хуҷанд нарасидааст”, - гуфт Маюсуфов.
Дар ҳамин ҳол шуморе аз мусофирони ҳавопаймо мегӯянд, шабро дар Фурудгоҳ рӯз кардаанд.
Бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Шарҳи бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар Фурудгоҳи Хуҷанд
Шарифбой як сокини ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвози онҳо бегоҳии дирӯз ба таъхир афтод ва ӯву ду ҳамдеҳаии ҳамсафараш шабро дар Фурудгоҳ рӯз кардааст.
“Ба меҳмонхона рафтем гуфтанд, ки пур шудаасту ҷой нест, ночор дар Фурудгоҳ болои сумкаҳо сар мондему хоб кардем”, - гуфт мусофир.
Дафъаҳои охир мавридҳои банд мондани мусофирон дар Фурудгоҳҳои Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад. Аммо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ барои мусофирони дармонда амалан ҳеҷ кӯмаке сурат намегирад.
Дар Фурудгоҳи Хуҷанд гуфтанд, ки масъулони ширкат талош доранд, ин ду парвози ба нақша гирифтаро то бегоҳии имрӯз анҷом дода, мусофиронро ба шаҳрҳои Русия расонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала