Сохтмони манзилҳои харобшудаи тоҷикон дар таниши марзӣ бо Қирғизистон то куҷо расид?

© котиботи ҳукумати СуғдҶараёни сохтмони хонаҳо барои зарардидагони муноқишаи марзӣ дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара
Ҷараёни сохтмони хонаҳо барои зарардидагони муноқишаи марзӣ дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Сохтмони хонаҳои нав барои сокинони марзӣ, ки манзилашон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд, идома дорад
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара бунёди хонаҳо барои сокинон идома дошта, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонда шуд, хабар медиҳад хадамоти матуботии раииси вилояти Суғд.
Манбаъ мегӯяд, имрӯзҳо сохтмончиён ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик корҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешавад.
Шиносоии раисон бо сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиию даргирии марзӣ - акс
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ошно шуда, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахдлдор супоришҳо додааст.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Манбаъ афзуда, ки дастури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шаванд.

Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд.
Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Он чӣ дар Лахш иттифоқ афтод, зоҳиран идомаи ҳамон танишҳост, ки ба хубӣ анҷом ёфт.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.
Лентаи хабарҳо
0