Рекорд: Маскавро гармои тоқатфарсо фаро гирифт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксОтдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Ҳавои рӯзи якшанбе дар Маскав бо рекорди соли 1956 баробар шуд, дамои ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора мутахассиси пешбари маркази обу ҳавои Фобос Евгений Тишковетс ба РИА Новости иттилоъ дод.

"Имрӯз пойтахт дар зери антисиклон қарор гирифт. Дар Маскав каме абрӣ, бебориш, илова бар ин 30-32 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои атрофи шаҳр то 33 дараҷа гарм хоҳад шуд", - гуфт мусоҳиб.

Ҳавошиносон ёдовар шуданд, ки ҳаво метавонад ба рекорди соли 1856 - 31,1 дараҷа баробар шавад.
"Ин аввалин ва охирин рӯзи гарм нест. Имрӯз мо дарвоқеъ сафҳае гармои тоқатфарсоро барои кулли ҳафта боз мекунем", - афзуд, Тишковетс.
Пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Ҳушдори тоҷикистониён аз тӯфони чангу ғубор
Бод рӯзи шанбе аз самти ҷанубу ғарб аз як то шаш метр дар як сония мешавад. Фишори атмосфера дар сатҳи 752 миллиметри сутуни симобӣ устувор хоҳад буд.
Ногуфта намонад, ки дар дар беш аз 20 манотиқи Тоҷикистон боди шадид пешбинӣ мешавад, ки вазиши он дар як сония ба 20-25 метр мерасад.
Бино ба гузориши КҲФ, тӯфони чангу ғубор метавонад дар хатҳои барқро хисороти ба бор орад, ки метавонад боиси қатъ шудани барқ ​​дар маҳалҳои аҳолинишин, фурӯ рехтани иншооти номустаҳкам, боми биноҳо, иншоот ва афтодани дарахтон гардад.
В Исфаре ураганный ветер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Боди шадид дар Исфара - видео
КҲФ аз сокинони минтақаҳо даъват карда ки ашёи рӯзгорро дар ҳавлӣ ва пешайвонҳо нагузоранд, дарахтони хушкро буранд, мошинҳоро аз зери иншоотҳо дуртар нигоҳ доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала