Долларчошӣ барои рақси Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: видео

© FacebookШабнам Сурайё
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Барои рақси Шабнами Сурайё дар ИМА аз сараш доллар чошиданд
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Наздики як моҳ мешавад, ки примадоннаи саҳнаи тоҷик Шабнами Сурайё дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор дорад. Ӯ дар ин муддат корҳои зиёдеро анҷом дод.
Шабнам аз рӯзҳои аввали сафараш аксҳои сайругашташ бо сарояндаи номдори эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродовро дар кӯчаҳои шаҳр нашр кард.
Аз наворҳо ва аксҳои ситораи саҳнаи тоҷик дар Instagram бармеояд, ки Шабнам дар ин сафараш бо Ҷонибек Муродов суруди нав сабт кардааст.
Дар ин бора ҳардуи овозхонҳо дар саҳифаҳояшон дар Instagram хабар дода қисме аз сурудро нашр кардаанд. Аз суруд овози рэпсарое бо забони англисӣ шунида мешавад. Дар идомаи суханонаш рэпсаро номи Шабнам ва Ҷониро ба забон мегирад.
Ахиран бошад, Шабнам навореро дар саҳифааш нашр кард, ки боиси тааҷҷуби корбарони интернет шуд.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Шабнам таҳти оҳанге рақс мекунад ва болои сараш доллар мечошанд.
Аксари корбаронро ин амал ба хашм овардааст ва онҳо мегӯянд, хуб мешуд ин маблағро барои хонаводаҳои камбизоат ҳазина мекарданд.
Бархеи дигар аз ҳамвандони Шабнам мегӯянд, ӯ ситора аст ва чунин амалҳо барояш зеб медиҳанд.
Ҷонибек аз як соли шогирдӣ дар масҷид, масрафи 2 миллион доллар дар саҳнаву бемориаш-видео
Ёдрас мешавем, ки ахиран Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сурайё Қосимова, овозхони шинохта ва модари Шабнамро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Маоши баҳсбарангези Сурайё Қосимова: Агентии зидди коррупсия ӯро ҷарима баст
Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро дар он айбдор кардааст, ки дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад.
Аммо, Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар бораи хизматҳои Сурайё навиштааст, ки “дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа, шаҳр ва вилоят ҳозир аст. Хоҳ рӯзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврӯз Сурайё Қосимова ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад”.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала