Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020

© Федерация дзюдо Таджикистана Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз 23 июл то 8 августи соли ҷорӣ баргузор мегарданд. Қувваозмоиҳои варзишгарон дар риштаи дзюдо аз 24 то 31 июл идома меёбад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Исми паҳлавононе, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз намуди ҷудо намояндагӣ мекунанд, маълум шуд.
Бар тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо чор паҳлавони шинохтаи тоҷик роҳхат ба ин мусобиқаи ҷаҳониро ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, ба Бозиҳои олимпиадаи Токио - 2020 Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов роҳ ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, дар вазни 73 кило Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунад. Ин варзишгар бо 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудочиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудочиёни олимпии ҳамин вазн қарор дорад.
Фигуры талисманов Летней Олимпиады в Токио Miraitowa и Someity во время мероприятие по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Дастурамали ниҳоӣ барои бозиҳои олимпии Токио - 2020 нашр шуд
Ҳамчунин Акмал Муродов дар вазни 81 кило бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён - 90 кило бо 2944 ва Темур Раҳимов беш аз 100 кило бо 3241 имтиёз садрнишини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудочиёни тоҷик гардиданд.
Гуфта мешавад, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман роҳхат гирифтанд ва Акмал Муродов бошад бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзи 28- июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Қувваозмоии варзишгарон дар риштаи ҷудо шурӯъ аз 24 то 31 июл идома меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала