Генерали амрикоӣ: ин вазифаи нирӯҳои афғон аст, ки аз кишварашон дифоъ кунанд

© REUTERS / STRINGERВоенные Афганистана на месте боестолкновения с боевиками "Талибан"а в провинции Кундуз, Афганистан 22 июня 2021
Военные Афганистана на месте боестолкновения с боевиками Талибана в провинции Кундуз, Афганистан 22 июня 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар як маҷлис таъкид кард, ки ҳаракатҳои ахири Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ва тассаруфи марокизи вилоятҳо дар Афғонистон мояи нигаронӣ аст, аммо на он қадаре, дахолати ИМА-ро талаб кунад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Генерал Марк Милли, роҳбари ситоди муштараки артиши Амрико, гуфтааст, ки 82 марказе мавҷуд аст, ки ба назари мо ҳоло таҳти назорати Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҳастанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Ин дар маҷмӯъ 419 марказ аст. Ҳеҷ яке аз марказҳои вилоятӣ таҳти назорати Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нестанд. Афғонистон 34 вилоят дорад”, - қайд кард генерали амрикоӣ.

Марк Милли эътироф кард, ки Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба самти истҳои амниятӣ тирандозӣ карда, ва онҳоро мегирад. Онҳо инчунин як қатор марказҳои минтақаро таҳти назорат худ гирифтанд, ки аксари онҳо пеш аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин минтақа ба дасти онҳо афтода буд.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео
Вай гуфт, ки 60 дарсади 81 марказ соли гузашта ва боқимонда тақрибан ду сол қабл мусодира шуда буданд. Хуб, мо нигарон ҳастем ва вазъро пайгирӣ мекунем, аммо 300 ҳазор нерӯҳои низомӣ, каму беш артиши Афғонистон ва полис вуҷуд дорад ва ин вазифаи онҳост, ки аз кишварашон дифоъ кунанд.
Ллойд Остин, вазири дифои Амрико низ таъкид кард, ки дар ҳоле ки Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар манотиқи ишғолкардаашон ба пешрафт ноил гаштаанд, ҳеҷ кадоме аз марказҳои музофот то ҳол суқут накардааст.
Изҳороти ин ду мақом дар ҳамон рӯз садо дод, ки сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псаки гуфт, агар Вашингтон аз Афғонистон хориҷ нашавад, нерӯҳои ИМА ва Афғонистон ба ҳамлаҳои бештар дучор хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала