Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев вазъ дар марзи Афғонистонро шиддатнок арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон телефонӣ суҳбат карда, амнияти минтақавиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуи асосии суҳбат будааст. Кишвардорон вазъият дар хати сарҳадро ноамн арзёбӣ кардаанд.
"Президентҳо ҷиҳати вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хатти сарҳад бо ин кишвар хело ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Раҳмон ва Мирзиёев сари он ақида омадаанд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд.
"Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид", - афзуд манбаъ.
Дар давоми ин суҳбат ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки пештар Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев вазъи марзи Афғонистонро баррасӣ карда буд.
Сӯҳбати телефонии Раҳмон ва Тоқаев аз вазъи Афғонистон
Қобили зикр аст, ки тайи 10 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад. Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон
Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд.Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала