Вазири тоҷик аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дар "рӯзҳои сахт" гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, иқтисоди кишвараш тайи панҷ моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта рушд кардааст
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Завқӣ Завқизода, ки дар ҷаласаи умумии Форуми иқтисодии СҲШ таҳти унвони “Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва навовариҳо" дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, гуфт, мо рӯзҳои сахтеро дар пайи афзойиши рақобатҳои геополитикӣ, сиёсати таҳримӣ ва муқобилаҳои тиҷорӣ аз сар мегузоронем.
Аммо ба гуфти вазир, як чолиши ҷадид, ғайримунтазира ва душвор барои кулли ҷомиаи ҷаҳонӣ бемории ҳамагири "вируси корона" ва пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии он буд.
"Тоҷикистон дар қатори тамоми кишварҳои ҷаҳон хисороти иқтисодиву иҷтимоии қобили таваҷҷӯҳеро аз ин ҳамагирӣ мутаҳаммил шуд. Дар поёни соли 2020 иқтисоди кишвар ба 4,5% коҳиш ёфт, ки 3% нисбат ба соли 2019 коҳиш дорад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, бо ин ҳол, ба далели иқдомоти зиддибуҳронии бамавқеъи ҳукумати кишвар барои маҳори паёмадҳои ҳамагирӣ дар тавсеаи иқтисодии кишвар имсол раванди беҳбуди иқтисодӣ вуҷуд дорад.
“Бинобар ин, ба далели натоиҷи 5 моҳ, рушди иқтисодӣ 8,6% будааст, ки 4% бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст”, - гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Завқизода гуфт, ҳамаи мо алоқаманд ба бозгашти зудҳангом ба сабки зиндагии одӣ ва бозгардондани тавсиаи иқтисодии пӯё дар кишварҳои худ ҳастем.
“Бино бар ин, имрӯз беш аз ҳар замони дигар бояд ба унвони як кулл муттаҳид шавем ва ба таври муштарак дар баробари чолишҳои ҷадид мубориза кунем. Истифодаи густарда аз зарфиятҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба мо имкони густариши чашмгири ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодиро медиҳад”, - гуфт вазир.
Максим Решетников. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Вазири рус дар Душанбе ба муқобила бо “ҳомигарии сабз” даъват кард
Созмони ҳамкории Шонгҳой яке аз бузургтарин созмонҳои ҷаҳон буда, ҳудуди 60% аз қаламрави Авруосиёро ташкил медиҳад ва кулли ҷамъияташ беш аз 3 миллиард нафар, ё тақрибан ниме аз ҷамъияти ҷаҳон аст.
Маҷмуаи маҳсулоти дохилии кулли кишварҳои СҲШ тақрибан як чаҳоруми ММД – и ҷаҳон аст ва тибқи пешбинии Сандуқи байнулмилалии пул, дар чанд соли оянда зарфияти минтақаи СҲШ аз зарфияти кишварҳои G7 фаротар хоҳад рафт.
Созмони ҳамкории Шонгҳой соли 1996 ба номи “Панҷгонаи Шонгҳой” бо ибтикори 5 кишвар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин таъсис ёфта, пас аз вуруди Ӯзбекистон номи ҳозираи худро гирифт.
Соли 2017 Покистон ва Ҳинд узвияти онро ба даст оварданд ва теъдоди кишварҳои узв ба 8 адад расид.
Ҳоло чор кишвар – Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон мақоми кишвари нозир ва шаш кишвар – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри Ланка шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шонгҳойанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала