Эрон нерӯҳояшро ба марз бо Афғонистон интиқол медиҳад: видео

Военнослужащий армии Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Ба далели фаъол шудани гурӯҳи радикалии "Толибон"* дар Афғонистон, ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба сенарияи бадтарин омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Наворҳои интиқоли таҷҳизоти низомии Эрон ба марзҳои Афғонистон дар интернет паҳн шудаанд.
Яке аз чунин наворҳо, дар шабакаи "Милитарист" дар Telegram нашр шудааст.
Дар навор ҳаракати Т-72S, БМП-2 ва дигар мошинҳои зиреҳпӯшро дидан мумкин аст. Маълумот дар бораи таҳкими марзи Эрону Афғонистон то кунун расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Эҳтимолан интиқоли нерӯҳо бо фаъол шудани "Толибон" (гурӯҳи радикалии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар Афғонистон иртибот дорад.
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Пешбинии Патрушев аз ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон
Қобили зикр аст, ки тайи 11 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад.
Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон
"Толибон" ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд.
Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд. Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд ва ахиран ба Ватанашон баргаштанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала