Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди идут по улице в защитных масках
Люди идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар замони мавҷи дуюм аз 130 нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Мақомоти тандурустӣ хабар доданд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 24 нафари дигар гирифтори коронавирус шуданд. Ин нишондоди баландтарини шабонарӯзӣ аз замони тасдиқи расмии мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ мебошад.
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар мавҷи дуюм расман 131 нафар гуфта шудааст, ки аз ин ба иттилои мақомот 45 нафар шифо ёфтаанд. Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 11 нафар шифо ёфта, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи охир аз ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо нашр гардидаанд. Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон омореро нашр намуданд, ки тибқи дар пайи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.
Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилорасонии Агентии Тоҷикстандарт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомот изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала