Даргузашти меъмори истироҳатгоҳҳои ҳукуматӣ, боғу бозорҳо ва идораҳои нави Тоҷикистон

© сомонаи Академияи меъморӣ ва сохтмони ТоҷикистонСироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори шинохтаи Тоҷикистон
Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори шинохтаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори истироҳатгоҳҳои ҳукуматӣ, боғҳои бузург, меҳмонхонаҳо, масҷиду мадраса ва даҳҳо иншооти дигари шинохта дар Тоҷикистон даргузашт
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Сироҷиддин Зуҳуриддинов меъмори беш аз 100 иншооти таъйиноти гуногуни Тоҷикистон дар синни 69-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар мавриди иллати марги меъмори шинохта феълан иттилое рӯи даст нест.
Тибқи иттилои Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, ки Сироҷиддин Зуҳуриддинов, тайи солҳои охир роҳбарии онро ба уҳда дошт, марҳум муаллифи бисёри иншооти сохташуда ва бунёдшавандаи ҷумҳурӣ мебошад
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс
Аз ҷумлаи иншооти Зуҳуриддинов, ки феълан сохтмонашон идома дорад, бинои нави парлумони Тоҷикистон, Боғи Истиқлол дар маркази пойтахт, Мадраса барои 1500 нафар, Маҷмааи меҳмонхонаи назди Дастгоҳи президент мебошанд.
Дар феҳрасти иншооте, ки сохта шудаанду муаллифаш Зуҳуриддинов мебошад, Боғи ба номи Рӯдакӣ, бинои Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои савдои “Меҳргон” ва “Пойтахт”, Боғи “Ҷавонон”, Боғи Хайём, истироҳатгоҳи “Пуғус” дар Варзоб, бошишгоҳи ҳукуматӣ дар Ромит ва даҳҳо иншооти дигар зикр шудаанд.
Марҳум дар маҷмуъ муаллифи беш аз 100 лоиҳаи бахши фарҳангӣ, маориф, варзиш, бонкҳо, меҳмонхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала