Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазорат

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от COVID-19 в торговом центре в Новосибирске
Вакцинация от COVID-19 в торговом центре в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Маъракаи сартосарии эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус эм гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, то 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ аллакай 18 029 нафар ваксин гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзи 22 март Эмомалӣ Раҳмон бо тасвиби қарори Ҳукумат дастур дод, ки иммунизатсияи бар зидди бемории сироятии COVID - 19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.
Люди идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Тоҷикистон нахуст дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca- ро дарёфт кард, ки дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.
Зимнан, чанд рӯз қабл Чин 300 ҳазор воя ваксини сохти ватании худ CoronaVac - ро ба Тоҷикистон фиристод.
Пас аз вуруд шудани ин ваксин дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн маризии коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.
Феълан дар ҷумҳурӣ 131 нафар гирифтори маризии коронавирус мебошанд, ки 45 тан аз онҳо аллакай шифо ёфтанд.
Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 11 нафар шифо ёфта, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала