Ҷабборов дар назди Қасри миллат даст пеши бар гирифту суруди миллӣ замзама кард - видео

Маросими истиқболи расмии Президенти Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, рӯзи 29 июн баргузор шуд
Чуноне, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ба хотири пазироии меҳмон Қасри миллат идона оро ёфта буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборовро истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Чор соат гузашт: суҳбати як ба яки Раҳмону Ҷабборов ба дарозо кашид
Маросими истиқбол бо гузориши фармондещи қаровули фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар баргузор шуд.
Аз навор дида мешавад, замоне, ки суруди миллии Қирғизистон навохта мешавад, кишвардор Содир Ҷабборов зери лаб онро замзама мекунад.
"Бе галстук": сайругашти шомгоҳии Раҳмон ва Ҷабборов дар Варзоб - видео
Дар ин маросим, ҳамчунин сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашта, бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ошно шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон, ки аз раисони ду палата, сарвазир, раиси дастгоҳи президент, вазири корҳои дохилӣ ва раҳбари КДАМ иборат буданд, даст пеши бар кишвардори Қирғизистонро истиқбол гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала