Бархӯрди маргбори "БМВ" бо "Комбо" дар Мастчоҳ

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори ду мошин дар ноҳияи Мастчоҳ хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. ВУД мегӯяд, рӯзи 29-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:20, ронандаи мошини "БМВ", Ҳасанов Эраҷбойи 32-сола аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои мошини дигар бархӯрдааст.
Тибқи иттилои ВУД, Ҳасанов Эраҷбой, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, таҳти идораи Нурализода Абдуллоҷони 21-сола бархӯрдааст.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, Нурализода Абудлоҷон аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки инчунин мусофири автомашинаи тамғаи "Лабо-Комбо", Комилзода Сокинаи 21 - сола, сокини ҷамоати шаҳраки Бустон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала