Саидов ва Зубайдова пирӯзи мусобиқаи камонварӣ дар Тоҷикистон шуданд

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонИштирокдорони мусобиқаи камонварӣ дар Тоҷикистон
Иштирокдорони мусобиқаи камонварӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷамъбасти мусобиқаи камонварии ҷумҳуриявӣ хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар мусобиқаи дурӯзаи камонварӣ 14 нафар – 8 мард ва 6 зан иштирок карданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз рӯи 3 равия – 70 метр даставӣ, инфиродӣ ва даставии омехта баргузор шуд.
Дар мусобиқаи инфиродӣ миёни мардҳо Тилло Саидов ҷои аввал, Умед Раҳмонов ҷои дуюм ва Анушервон Раҳимӣ ҷои сеюм гирифтанд, ки ҳама аз тими Душанбе - 1 буданд.
Дар сабқати инфиродӣ миёни бонувон Фирӯза Зубайдова аз тими Душанбе-1 соҳиби ҷои аввал, Умеда Ҷӯраева ва Мавзуна Азимова аз Суғд мутаносибан ҷойҳои ду ва серо соҳиб шуданд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Тими Душанбе - 2 пирӯзи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардид
Дар сабқати даставӣ миёни тими Душанбе-1 дар ҳайати Саидов Тилло, Раҳмонов Умед, Анушервон Раҳимӣ ҷои аввал, дастаи Суғд дар ҳайати Рустамов Абдуғаффор, Шерғозиев Манучеҳр, Бобоев Исо ҷои дуюм ва Душанбе-2 дар ҳайати Тураев Абубакр, Раҳимзода Некрӯз зинаи сеюм гирифтанд.
Дар зӯрозмоии даставии омехта, тими Суғд - Манучеҳр Шерғозиев, Мавзуна Азимова ҷои аввал, Душанбе-1 (Фирӯза Зубайдова, Тилло Саидов) ҷои дуюм ва Душанбе-2 (Фирӯза Давлатова, Абубакр Тураев) ҷои сеюмро соҳиб шудаанд.
Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кардааст, ки барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 21 май шуруъ гардид, 15 намуди варзишро фаро гирифта, 30-юми июн бо анҷоми мусобиқаи муштзанӣ ҷамъбаст мегардад.
Лентаи хабарҳо
0