Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Холов дар Душанбе аз коронавирус даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Қурбон Холов раққоси халқӣ ва ҳамсари Хуршеда Холова, ки ҳамагӣ 54 сол умр дошт, аз бемории коронавирус даргузашт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Қурбон Холов ҳамсари раққосаи номии Тоҷикистон - Хуршеда Холова дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Марҳум ҳамагӣ 54 сол умр дошт.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон иллати марги Холовро бемории коронавирус меноманд.
Ба нақли пайвандони марҳум, чанд рӯз пеш ӯ бо нишонаҳои коронавирус бистарии беморхона шуд. Аз ин пештар давоми ду рӯз дар ҳолати начандон хуб дар хона қарор дошт.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти генерал Саидамир, собиқ раиси Бохтар бо аломатҳои коронавирус
Ба гуфтаи писари ӯ, Холов аз ин беморӣ ниҳоят дар ҳарос буд ва чун табибон ташхисашро маълум карданд, аҳволаш якбора бад шудаст.
Қурбон Холов соли 1967 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шуд. Фаъолияти меҳнатияшро дар Ансамбли давлатии рақсии "Лола" оғоз намуда, сипас ҳамчун ҳунарманд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар гурӯҳҳои бисёри рақсӣ кор карда буд.
Солҳои охир Холов ба ҳайси балетмейстер дар коллективи "Базморо" - и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала