Лавров ба ИМА: "мо ба амалҳои нодӯстона посухи сахт ва қатъӣ медиҳем"

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Вашингтон бояд дарк кунанд, ки кӯшиши муколама бо Маскав аз мавқеи зурӣ барбод хоҳад рафт, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Индонезия "Ракят Мердека".
"Мо ба амалҳои ғайридӯстона посухи сахт ва қатъӣ медиҳем", - гуфт вазир.
Ба гуфти Лавров, дар нишасти Женева, Владимир Путин ба таври возеҳ ишора кард, ки натиҷаи хуб дар ҳама соҳаҳо, танҳо тавассути тавозуни барои ҳарду тараф мақбул, қатъиян дар асоси паритетӣ имконпазир аст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Лавров: ИМА кӯшиши заиф кардани иртиботи Тоҷикистону Русияро дорад
Дар ин вохӯрӣ ҳеҷ эътирозе набуд, аммо фавран пас аз дидор, Вашингтон "ба интиқомгирӣ" шурӯъ кард, гуфт дипломат.
Нахустин мулоқоти Владимир Путин ва Ҷо Байден 16 июн дар Швейтсария баргузор шуд.
Лавров Иттиҳоди Аврупоро ба "балегӯӣ" ба Вашингтон муттаҳам кард
Ба ақидаи ҳарду ҷониб, он дар рӯҳияи созанда гузашт: сарони давлатҳо дар баъзе масъалаҳо ба мувофиқа расиданд ва ба хулоса омаданд, ки машваратҳоро оид ба суботи стратегӣ оғоз кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала