Русия тартиби вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузаштан ба хазинаи аксМеждународный аэропорт Челябинск
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон санаи оғози истифодаи замимаи мобилии "Путешествую без COVID-19" ("Сафар бидуни COVID-19") тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Акнун сар аз 10 июл ҳангоми ворид шудан ба Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд натиҷаи ташхиси коронавирусро тариқи замимаи мобилии "Сафар бидуни COVID-19" тасдиқ кунанд.
Барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё низ талабот ҳамин аст.
Барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон, Туркманистон ин замимаи мобилӣ танҳо аз 1 сентябр дастрас мешавад.
Роспотребнадзори Русия таъкид кардааст, ки ташхис бояд на дертар аз 3 рӯз то сафар анҷом дода шавад.
Самолет Boeing 737  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Шароити вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия тағйир ёфт
Дар бораи замимаи махсуси мобилӣ, ки ҳангоми вуруд ба Русия истифода мешавад, охирҳои моҳи июн хабар дода шуд. Ин барнома ҳангоми пандемия сафари сокинонро ба кишварҳо танзим хоҳад кард.
Тоҷикистон ба ин замима аз мобайнҳои июн пайваст шуд. Мутахассисон мегӯянд, истифодааш осон аст. Нахуст кишвареро, ки ба он сафар мекунед, интихоб менамоед. Барнома номгӯи ташхисгоҳҳоеро, ки метавон дар он тести коронавирус супурд, пешкаш мекунад.
Ҳангоми надоштани беморӣ ба истифодабарандагон QR-рамзи сабз равон карда мешавад, ки вақти расидан ба Русия бояд онро нишон диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала