Пои Макгрегор шикаст: Чӣ тавр Поре Конорро мағлуб кард

© Jeff Bottari/Handout PhotoДастин Порье и Конор Макгрегор
Дастин Порье и Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Рақобати миёни размикорони номӣ Макгрегор ва Поре дер давом накард
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Дар Лос-Анҷелес реванши деринтизор байни Конор МакГрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ ба поён расид.
Муҳориба дар доираи мусобиқаи UFC 264 баргузор шуд ва бо пирӯзии Поре ба анҷом расид.
Мубориза дар охири даври аввал хотима ёфт. Дар ибтидо нақша буд, ки мубориза панҷ давр, ҳар кадом 5 дақиқаӣ давом мекунад.
Ин мубориза бояд афсонавӣ мешуд. Рақибон аз аввал ба тарафи ҳамдигар зарбазаниро қатъ намекарданд.
Дастин Порье после боя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Поре Макгрегорро шикаст дод
Сипас Поре бомуваффақият рақибашро дошта забт карду, ирландиро беҳаракат намуд. Конор дар охири даври аввал тавонист худро раҳо кунад. Ҷанговари ирландӣ ба ҷанг шитофт, аммо дар сонияҳои охирини даври аввал пешпо хӯрд ва пояшро шикаст.
Варзишгарро духтурон муоина карданд ва гарчанде ки ӯ фарёд мезад, ки метавонад мубориза барад,ба ӯ иҷозат надоданд, ки бо пои шикаста муборизаро идома диҳад.
Дар натиҷа, Макгрегор бо бохти техникӣ мағлуб шуд.
Ин рақобати сеюми миёни ин ду варзишкор буд.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Макгрегор ба Поре пеш аз рақобати сеюм паём фиристод
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала