Санаи сафари Сергей Лавров ба Тошканд маълум шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Вазири умури хориҷаи Русия рӯзҳои 15 ва 16 июл ба Ӯзбекистон сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Тошканд, бар асоси барномарезиҳо Сергей Лавров қарор аст дар нишасти байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва ҷанӯбӣ, ба ҳам пайвастагии минтақавӣ, таҳдидот ва имконот” дар шаҳри Тошканд ширкат кунад, иттилоъ додааст сомонаи сафорати Русия дар Ӯзбекистон.
Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин қарор аст рӯзи 16 июл дар шаҳи Тошканд дар чаҳорумин дидори вузарои умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои амнияти минтақавӣ ширкат кунад.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Лавров ба Душанбе сафар мекунад
Русияи яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Ӯзбекистон аст.
Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2020 милодӣ бо 15, 4 дарсади коҳиш дар муқоиса бо соли 2019 милодӣ 5 миллиарду 641 миллион доллар будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала