Дастури роҳ надодани мусофирони бениқоб ба нақлиёт: иттилоияи ВКД

© сомонаи ВКД ТоҷикистонКорманди БДА ва мошини мусофирбар
Корманди БДА ва мошини мусофирбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мулоқоти кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бо масъулину кормандони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Кормандони БДА дар вилояти Суғд миёни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва муассисаҳои мусофиркашонӣ санҷишҳои назоратӣ ва корҳои ташвиқотӣ мегузаронанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
ВУД таъкид намуд, ки ронандагон уҳдадорӣ гирифтаанд, ки мусофирони бениқобро ба нақлиёт роҳ надиҳанд. Ба иттилои манбаъ, нозирони роҳ аз ронандагон талаб карданд, ки бе ниқоби тиббии муҳофизатӣ мусофирон интиқол дода нашаванду фосилаи беҳдоштӣ дар дохили нақлиёт риоя гардад.
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Андӯҳи Вазорати фарҳанг аз даргузашти Абдулқайсов: ба наздикон сабри ҷамил хост
“Талаботи БДА аз ташкилотҳои мусофиркашонӣ дар баробари бенуқси техникӣ будани нақлиёти мусофиркашонии сафарбаршаванда, ҳамзамон дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт, дар нақлиёт мавҷуд будани маҳлулҳои безараргардонӣ, бениқоби тиббии муҳофизатӣ интиқол надодани мусофирон ва риояи масофаи беҳдоштӣ дар дохили нақлиёт мебошад”, - омадааст дар иттилои ВУД.
Манбаъ афзуд, бархе аз ронандагон ва шаҳрвандон бе ниқоби тиббии муҳофизатӣ аз воситаҳои нақлиёти мусофиркашон истифода бурда, ҳаёту саломатии на танҳо худ, балки атрофиёнро низ зери хатар мегузоранд.
Таъкид шудааст, ки кормандони БДА дар вилояти Суғд дар баробари назорати интизоми иштирокчиёни ҳаракат барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани маърифати зидивирусии шаҳрвандон корбарӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала