Чин талаб кард, ки дар ташхисгоҳи вирусҳои хавфноки Амрико тадқиқот гузаронанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудница лаборатории Федерального научного центра исследований и разработки иммунобиологических препаратов имени М. П. Чумакова
Сотрудница лаборатории Федерального научного центра исследований и разработки иммунобиологических препаратов имени М. П. Чумакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Ниммиллион сокини Чин ба СУТ мактуби саркушода навиштанд, ки дар тахшисгоҳи вирусии Амрико тадқиқот гузаронида шавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сокинони Чин аз Амрико талаб кардаанд, ки ташхисгоҳи биологӣ дар пойгоҳи Форт-Детрикро барои гузаронидани тадқиқот дар бораи шуюи эҳтимолии коронавирус боз кунад.
Ин дархосташонро сокинон дар мактубе, ки онро рӯзномаи Global Times нашр кардааст, ироа намудаанд.
Бино бар боварии муаллифони муроҷиатнома, ташхисгоҳро бояд барои пешгирӣ аз эпидемияҳои минбаъда тафтиш кард. Дар ҳамин ҳол, онҳо таъкид кардаанд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ингуна тафтишотҳоро бояд дар тамоми коргоҳҳое, ки бо вирусҳои хавфнок ва силоҳи биологиву кимёвӣ кор мекунанд, анҷом диҳад.
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Бидуни марг: Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард
Дар Пажӯҳишгоҳи томӯзиши бемориҳои уфунии ИМА (USAMRIID) дар пойгоҳи Форт-Детрик, ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, намунаи зиёди уфунатҳои сироятӣ мавҷуд аст, ки шуюи ҳамагуна аз он метавонад натиҷаи мудҳиш дошта бошад.
"Тирамоҳи соли 2019 дар ташхисгоҳ, пеш аз эпидемияи COVID-19, хуруҷи вирус рух дод, аммо ин иттилоъро ИМА бо баҳонаи амнияти миллӣ намегӯяд", - изҳор доштанд муаллифони муроҷиатнома.
Дар мактуб қайд карда мешавад, ки Чин ба коршиносони хориҷӣ иҷозат дод, то ташхисгоҳи дар Вуҳан бударо тафтиш кунанд, аммо Амрико иҷозати тадқиқоти Форт-Детрикро намедиҳад.
Марги дигар: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон бадтар шуд
Маълум аст, ки пажӯҳишгоҳ то оғози пандемия бо далели "мушкилоти инфросохтор бо безараргардонии оби партов" баста шуда буд. Аммо, муаллифони маткуб ин изҳоротро беэътимод мешуморанд.
Феълан, ин муроҷиатномаро бештар аз ниммиллион чиниҳо имзо кардаанд.
Пештар ИМА ва 13 кишвари дигар аз СУТ талаб карданд, ки тадқиқоти далели пойдошавии коронавирус "шаффоф ва мустақил" анҷом дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала