Қазияи "таҷовуз" -у ҳомиладории духтари 12-сола: Раиси Суди Олӣ аз камбудии тафтишот гуфт

© PixabayСерги у девочки, архивное фото
Серги у девочки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Қарори додгоҳи шаҳри Ҳисор нисбати шаҳрванд Ҳусниддин Абдуллоев, муттаҳами 43-сола дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ, ки ба 5 соли зиндон маҳкум шуду афв гардид, бекор шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, муайян карда шуд, ки дар парвандаи нафари муттаҳам дар алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ мақомоти тафтишотӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд.
Аз ҷумла дар бандубасти парванда ё худ квалификатсия камбудӣ ҷой дошта, тафтишот нопурра мебошад, таъкид кард Шоҳиён. Ӯ афзуд, парвандаи мазкур барои тафтишоти иловагӣ фиристода шуд ва ҳанӯз дигарбора ба додгоҳ ворид нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ таъкид намуд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати шахсӣ мегирад.
Додгоҳи шаҳри Ҳисор охири соли гузашта Ҳусниддин Абдуллоев, муттаҳам дар алоқаи ҷинсӣ бо духтари 12-соларо ба 5 соли зиндон маҳкум карда, бар асоси қонуни афв озод намуд. Ҳукм ва татбиқи афв дар доираи моддаи 141, қисми 1 – и Кодекси ҷиноӣ - барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, бе аломатҳои зӯроварию таҷовуз, татбиқ гардидааст.
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
Ҷониби ҳимояи наврас изҳор дошт, ки аз болои ин ҳукм ба марҳилаи болоӣ шикоят мекунаду талаб менамоянд, ки парванда бар асоси моддаи 138 - таҷовуз ба номус бандубаст карда шавад.
Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, феълан қарори додгоҳи Ҳисорро бекор кардаанду баъди вуруди дигарбораи парванда бо тафтишоти пурра қазияро зери назорат мегирад.
Ҳодисаи алоқаи ҷинсӣ бо духтари 12-сола соли 2019 сурат гирифта, духтар соҳиби кӯдак шудааст. Қазияи “таҷовуз ба номус” – и духтари наврасро Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик тобистони соли гузашта, расонаӣ карда, таъкид намуда буд, ки прокуратура ва мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҷиноятро рӯйпӯш ва ба хешовандони ҷабрдида таҳдид мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, таъкид ба таҳқиқи мунсифонаи қазия намуданд. Нуқта дар ин қазия, ки яке аз ҳаводиси пурбаҳси соли 2020 буд, ҳанӯз гузошта нашудааст. Назари бевоситаи худи муттаҳам низ феълан дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала