Дар шаш моҳ дар вилояти Хатлон 48 корхонаву коргоҳ таъсис ёфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПроизводство антисептиков в Таджикистане
Производство антисептиков в Таджикистане   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки теъдоди умумии корхонаҳои саноатии вилоят ба 626 адад расид
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон хабар дод, барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ таъсис ёфт.
Раиси вилоят қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар идома доранд.
“Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай қайд кард, ки айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададро ташкил медиҳад.
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
16 корхона истеҳсоли сементро дар Тоҷикистон афзоиш доданд
Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хўрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала