Коршинос: хуруҷи муҳоҷирон яке аз сабабҳои болоравии нархи нон мебошад

CC0 / Pixabay / Булочки, архивное фото
Булочки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Мутахассис омилҳои номаълуми болоравии нархи нонро номбар кард
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар Русия болоравии нархи нон ва маҳсулоти нониро пешгӯӣ мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, истеҳсолкунандагон болоравии нархҳоро ба болоравии нархи ашёи хом, маводи банду баст ва нақлиёт рабт медиҳанд.
Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия Юрий Катсннсон дар муколама бо "Свободная пресса" омилҳои дигари таъсиргузорро ба болоравии нархи ғизо номбар кард.
Коршинос қайд кард, ки ба арзиши маҳсулоти нонпазӣ як қатор омилҳо таъсир мерасонанд ва арзиши маҳсулот танҳо бо ғалла маҳдуд намешавад.
Владимир Жириновский посетил Гиссарскую крепость и город Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Стратег ё пупулист? Пешниҳодҳое, ки Жириновский дар мавриди муҳоҷирон дар Русия дорад
Ба унвони мисол, мутахассис дигар компонентҳо, инчунин бастабандӣ, пардохтҳои коммуналӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар ҷузъҳоро номбар кард, ки нархи нонро аз он низ бастагӣ дорад.
Катснелсон инчунин қайд кард, ки баъзе истеҳсолкунандагон бо мушкилоти қувваи корӣ рӯ ба рӯянд.
"Аз аввали соли 2020 шумораи зиёди кадрҳо аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ватан баргаштанд ва акнун баргаштани онҳо барои онҳо хеле гарон аст. Дар натиҷа, норасоии кормандон метавонад боиси афзоиши хароҷот низ гардад." - тавзеҳ дод Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия.
Коршинос илова кард, ки маҳз барои ҳамин намояндагони соҳаи кишоварзӣ идеяи бо поездҳои чартерӣ муташаккилона овардани муҳоҷирони меҳнатиро ташвиқ мекунанд.
Қаблан низ коршиносон афзоиши дигар маҳсулоти кишоварзиро ба ками қувваи корӣ рабт доданд, ки дар пайи басташавии марзҳо ба вуҷуд омад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала