Русия дар фикри қатъи содироти бензин аст

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мақомоти Русия бинобар боло рафтани нархи бензин эҳтимол дорад содироти онро қатъ намояд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Ахиран дар бораи қатъ содироти бензин аз Русия ба хориҷ вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов изҳор кардааст, иттилоъ додааст РБК.
Ба иттилои манбаъ, вазир энергетикаи Русия таъкид доштааст, ки агар нархи сӯзишворӣ дар сатҳи рекордии кунунии худ боқӣ монад, манъи содироти бензин аз Русия метавонад аз ҳафтаи оянда оғоз шавад.
"Болоравии нархҳоя яклухт дар биржа чандон зиёд ба нархоҳои чакана дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои истеъмолкунанда таъсир намегузорад", - афзуд ӯ.
Шулгинов инчунин хотиррасон шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо ҳоло дар Русия механизми демпфинг истифода шудааст.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Аз 15 то 40 дирам: нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд
Бинобар тасҳеҳи ин тадбир, истеҳсолкунандагони бузурги сӯзишворӣ барои нигоҳ доштани нархҳо дар бозори дохилӣ пардохтҳои зиёд мегиранд.
Ба маълумоти 21 июл арзиши ба як тонна AИ-95 дар биржаи байналмилалии мол ва ашёи Санкт-Петербург (SPIMEX), 59,85 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 234 ҳазор тонна бензин ворид шудааст
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аксари маҳсулоти нефтии мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала