Самбо ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ шомил шуд

Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Федератсияи байналмилалии самбо ба таврӣ доимӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуданд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Самбо ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ шомил шуд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, кумитаи байналмилалии олимпӣ Федератсияи байналмилалии самборо ба таври доимӣ пазируфтааст.
"Ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки 20 июл дар шаҳри Токиои Япония дар арафаи оғози Бозиҳои олимпӣ баргузор гардид, гирифта шуд", - афзуд манбаъ.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар як ҷаласа дар Токио ба ғайр аз Федератсияи байналмилалии самбо ба тарафдории эътирофи боз панҷ федератсияи байналмилалии варзишӣ овоз додааст.
Инҳо Иттиҳоди байналмилалии черлидинг , Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои муай-тай, Федератсияи байналмилалии айсштокспорт, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ташкилоти кикбоксинг ва Федератсияи умумиҷаҳонии лакросс мебошанд.
Чор варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Чор медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо
Ёдрас мешавем, Токио мизбони Бозиҳои олимпии тобистона аст ва чорабинӣ аз 23 июл оғоз ёфта то 8 август идома мекунад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Зимнан, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи варзишгарони ин ришта аз 26 июл оғоз меёбад.
Нахуст аз миёни дзюдочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба майдон мебарояд. Мусобиқаи ӯ рӯзи 26 июл соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай мебошад, ки намояндаи Дастаи мунтахаби гурезаҳо аст.
Рӯзи 27 июл, Акмал Муродов бо ҳарифи худ Ҷоштер Эндрю аз Гуам вориди майдони қувваозмоӣ мешавад.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Ҳарифони Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ дар Токио маълум шуданд
Рӯзи баъдӣ мусобиқаи Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Фаронса Алекс Клергет баргузор мегардад. Ва ниҳоят рӯзи 30 июл намояндаи охирони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо Темур Раҳимов бо ҳарифи худ аз Куба, Эндӣ Гранда қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаи ҳамаи дзюдочиёни тоҷик соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала