Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Афзоиши сирояти кӯдакон аз коронавирус дар Қазоқистон: ду ҳолати фавт сабт шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксВрач-педиатр в больнице с ребенком
Врач-педиатр в больнице с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбии кӯдакон ба коронавирус хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Қазоқистон сар аз аввали пандемияи коронаиврус ду кӯдак қурбони ин вабо гардиданд.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ як ҳолати фавт дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ ва дигаре дар Нур - Султон ба қайд гирифта шуд.
Ажар Гиниян муовини Вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, аз аввали сол 34 ҳазор кӯдак дардманди ин беморӣ гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар бемористонҳо 558 кӯдаки гирифтори коронавирус табобат мегиранд, ки аз ин миён 13 тифлони навзод ҳастанд.

"Моҳҳои охир мубталошавии кӯдакон ба коронавирус афзоиш ёфт. Аз ҷумла ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. То ҳол ду фавт сабт гардидааст, ки яке дар Қазоқистони шимолӣ ва дигаре дар Нур - Султон", - тавзеҳ дод муовини вазири тандурустӣ.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар семоҳаи чоруми соли равон ба Қазоқистон ваксини Pfizer- ро ворид мекунанд, ки эмгузаронии кӯдакон бо ин ваксин иҷозат дода шудааст.
Медицинский работник держит в руке вакцину от COVID-19 Спутник-V  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Маскав озмоиши клиникии "Спутник V" барои наврасон оғоз ёфт
Интизор меравад, дар Қазоқистон пас аз ворид кардани ваксини мазкур кӯдакони аз 12 - сола болоро бо ризоияти волидони онҳо ваксин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала