Дар Қандаҳор 100 сокини маҳаллӣ кушта шуд: Толибон мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест

© AP / Rahmat GulОкровавленный флаг талибов на окне университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение
Окровавленный флаг талибов на окне университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон* ин амали даҳшатборро бо амри хоҷагони худ аз Покистон анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гурӯҳи силоҳбадастони номаълум дар ноҳияи Спин - Болдаки музофоти Қандаҳор беш аз 100 сокини маҳаллиро ба қатл расонданд, хабар медиҳад Tolo News.
Ба иттилои манбаъ, кушта шудани сокинони маҳаллӣ пас аз он сар зад, ки ин минтақаро Толибон* забт карданд.
Ҳукумати Афғонистон ин ҳамлаи даҳшатборро кори дасти Толибон* медонад ва мегӯяд, қатли сокинони осоишта бо амри хоҷагони онҳо аз Покистон сурат гирифт.
"Террористҳои қотил бо амри хоҷагони худ аз Панҷоб (Покистон) ба манзили сокинони осоишта дар Спин - Болдак ҳуҷум намуда, хонаҳои онҳоро валангору соҳибонро ваҳшиёна ба қатл расонданд", - изҳор доштааст намояндаи Вазорати умури дохилаи Афғонистон Мирвайс Станекзай.
Аммо Толибон* даст доштани худро дар ин амали зишт қатъиян рад мекунанд.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.
Талибы захватили мост Шерхан Бандар и Нижный Пяндж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Бадахшон то Тахору Қундуз: Толибон* вазъият дар марзи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала