Тоҷикистон назорат дар гузаргоҳи марзӣ бо Афғонистонро тақвият медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Акнун ба минтақаи наздисарҳадӣ танҳо сокинон ҳамон минтақа ва мошинҳои боркаш, агар санадҳои дахлдорро дошта бошанд, роҳ дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Тоҷикистон назоратро дар гузаргоҳҳо дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон тақвият дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.
"Тибқи қонунгузории кишвар, минтақаи сарҳадӣ 25 километр дуртар аз сарҳади давлатӣ оғоз меёбад ва маҳз дар он ҷо як гузаргоҳ мавҷуд аст, ки шлакбаун дорад. Таъмини амнияти ҳамин нуқтаҳо пас аз оғози бад шудани вазъ дар шимоли Афғонистон шиддат гирифт ", - гуфта мешавад дар хабар.
Тибқи иттилои манбаъ, акнун ба минтақаи наздисарҳадӣ танҳо сокинон ҳамон минтақа ва мошинҳои боркаш, агар санадҳои дахлдорро дошта бошанд, роҳ дода мешаванд.
Беженцы из провинции Газни в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
"Бо сабабҳои амниятӣ, сафар ба шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд аст", - таъкид кард намояндаи КДАМ.
Пештар хабар дода шуд, ки ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) 80% сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад.
Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо, бино ба иттилои расмӣ, аз 398 шаҳристон беш аз 200 виласволӣ зери назорати Толибон қарор гирифтаанд.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0